МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

Санаи 13-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат – ҳомии сулҳ ва роҳнамои ҷавонон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мутахассисони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Ҳусейнов Б.А., Раҳмонқулов М., мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С., омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раҷабзода Н.Р. оғоз намуда, иштироккунандагонро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, Ҳусейнов Б.А. оид ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқ, ҳукумат ва давлати мо аҳаммияти бузурги сиёсӣ-таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, ҷанги таҳмилии бародаркуш ва оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони кафедра Раҷабзода Нурҳаёт дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон” ва Парвиз Нидоев дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон - Президенти сулҳовар, сулҳпарвар ва ваҳдатофар” суханронӣ намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси хадамоти гумрук Марифов Муҳаммад дар мавзӯи “Пешвои миллат – ҳомии сулҳ ва роҳнамои ҷавонон” ва Ҷуразода Муҳаммад дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ ва аҳаммияти таърихии он” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷом мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С. мизи мудавварро ҳусни анҷом бахшида, иброз дошт, ки мо бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, сулҳпарвару сулҳовар, созандаву бунёдкор муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамонро ҷонибдорӣ ва пайравӣ карда, фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top