Санаи 13-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили давлатдории навини тоҷикон” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултети молия ва қарз Кабутзода Қ.М., муовини декан оид ба тарбия Ғуломов Б., мудири кафедра Ҳакимзода А., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Ҳамитов М.С., омӯзгорони кафедра Урунова С.А., Ясакиева С.А., Асоева М.С., Тухтаева М. ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро мудири кафедра Ҳакимзода А. оғоз намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250109-молшиносӣ ва муоинаи мол Шукрона Тоҷиддинзода дар мавзуи “Зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаи пурмазмун намуд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедра Ҳакимзода А. дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили давлатдории навини тоҷикон” маърӯза намуда, қайд кард, ки нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар таъмини истиқлолияти давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг ва мактабу маориф, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат басо бузург аст.
Ба ҳамоиш омӯзгори кафедра Сарвиноз Урунова идома бахшида, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар” маърӯзаи пурмуҳтаво карда, иброз дошт, ки маҳз корнамоӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ ва давлат аз нобудшавӣ наҷот ёфта, дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконотҳо истифода намоем.
Дар фарҷоми ҳамоиш мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Муҳитдин Ҳамитов доир ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои ҷолиб баён намуд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 