МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2025

13-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳаммияти иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои халқи тоҷик ибрози андеша кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо саҳифаи сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз бо иродаи қавии миллат ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи барқароршавии сулҳ, ваҳдат ва рушди устувори давлат гузошта шуд.

Гуфта шуд, ки Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад.

Сипас, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов сухани шодбошӣ гуфта, қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тавонист, ки тадбирҳои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат ва масъалаҳои сулҳу суботро баррасӣ карда, ояндаи дурахшони кишвари дар вартаи ҷаҳолат қарордоштаро муайян намояд.

Сипас, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдусаттор Ҷабборов дар мавзӯи «Аҳаммияти иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ» суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо ибтикори нерӯҳои солими Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) даъват карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳимми Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз тарафи вакилон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва дар Иҷлосия аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд. Ниҳоят 19 - ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд, ки минбаъд дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷик басо ҷонбозиҳо карда, сазовори эҳтироми хос ва эътирофи оламиён гардиданд.

Дар рафти мизи мудаввар дотсент Бойалӣ Ҳусенов дар мавзӯи “Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ” ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси молия ва қарз Азиззода Саъдӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлатдории миллӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар музокира дотсентон Ҷафар Неъмонов ва Муҳитдин Ҳамитов иштирок намуда, доир ба мавзӯи матраҳшуда фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top