МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2025

Санаи 11-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи муддавар таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар” доир гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова ва роҳбари бахши кор бо донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз Дилафрӯз Атақулова иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокчиён дар толори китобхонаи донишгоҳ бо асарҳои тозанашри марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон, фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос шуданд.

Сипас, Ҷамила Ғафурова суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуруъ аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

Дар рафти мизи мудаввар, инчунин донишҷӯдухтарон Дилафрӯз Атақулова, ШукронаТоҷиддинзода ва Шукрона Тиллозода дар мавзӯъҳои “Мақом ва нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу суббот ва якпорчагии кишвар”, “Пешвои миллат - Президенти сулҳофар ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Мактаби давлатдорӣ ва санъати идоракунии Пешвои миллат” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

         Дар фарҷом Ҷамила Ғафурова таъкид намуд, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳким ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top