СЕМИНАРӢ ИЛМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОСИБОН

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2025

Ҳама кору амал - кори муҳосиб,

   Ҳама дунёст гирифтори муҳосиб.

   Бувад вобаста рушди узви ҷомеъ,

   Зи як имзо, зи афкори муҳосиб!!!

 Дар асоси нақша чорабиниҳои илмии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит санаи 10.11.2025 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинарӣ илмӣ ба муносибати “Рӯзи байналмилалии муҳосибон” баргузор гардид.

Чорабинии илмиро мудири кафедра Раҷабзода Олимхон. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфт. Декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Тимур Ғайратов омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳосибон табрику муборакбод гуфта, донишҷӯёнро барои такмил додани савияи донишу малака ва омодагиҳо барои хатми бо муваффақияти донишгоҳ роҳнамоӣ намуд.

Сипас, омӯзгорони кафедра Фирӯз Исмоилзода ва Мадина Каримзода дар бораи таърихи ташаккул ва пайдоиши касби муҳосиб маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво намуданд.

Инчунин, донишҷуёни курси 4-уми ихтисосҳои марбут ба кафедра Нурмуҳаммад Бухориев, Ворис Салимов ва Комрон Нозимов доир ба мавзӯи матраҳгардида маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ мудири кафедра Раҷабзода Олимхон ба иштирокчиёни семинар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд ки минбаъд низ чунин чорабиниҳо пайваста ташкил ва баргузор мегарданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top