Санаи 7-уми ноябри соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ дар кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Пайдоиш ва рушди андозҳо” семинари таълимӣ гузаронида шуд.
Дар семинар сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Ҳамидова С.Ҳ., мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Субҳонқулов А.И., мудири кафедраи молия Дӯстматов Б.М., омӯзгорон Шоназарзода Н.Ш., Холаҳмади С., Давлятов Э.М. ва донишҷуёни ихтисоси 25010403 - андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд.
Семинарро мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Субҳонқулов И.А. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни семинарро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба нақши ин санади муҳимми таърихӣ дар ташаккули низоми миллии андозбандӣ суханронӣ намуд.
Сипас, муаллими калони кафедра Давлятов Э.М. оид ба таърихи пайдоиши андозҳо, намудҳо ва аҳаммияти андозҳо барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва заминаи ҳуқуқии он, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, маълумоти муфассал ба иштирокчиёни семинар пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштироккунандагон саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 