Санаи 5-уми ноябри соли 2025 бо ибтикори бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳобгоҳи донишҷӯён бахшида ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия - санади тақдирсози миллат” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова бо сухани шодбошӣ баромад намуда, зикр намуд, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард.
Дар рафти мизи мудаввар донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 240101 - ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ Худойдодов Т. бо маърӯзаи пурмазмун дар мавзӯи “Аҳаммияти таърихӣ - ҳуқуқии таъсиси Тоҷикистон дар шакли ҷумҳурӣ” баромад намуд.
Сипас, байни иштирокчиён - донишҷӯдухтарони мизи мудаввар мубодилаи афкор доир ба мавзӯи матраҳгардида сурат гирифт.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 