Санаи 06-уми ноябри соли 2025 намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун Ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар самти омодасозӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи суғурта дар шакли маҷозӣ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ИДМ оид ба фаъолияти ташкилотҳои заминавии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар бахши иқтисодӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби донишгоҳ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Султонов Зоиршо Султонович иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ вазъи кунунии фаъолияти Ташкилотҳои заминавӣ шунида шуд, ҳамчунин тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ байни Ташкилотҳои заминавии давлатҳои иштирокдори ИДМ пешниҳод гардид.


Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 