ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 07 Ноябр 2025

Санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони сатҳи гуногун, донишҷӯён ва аҳли фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Фирдавсӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки қабули Конститутсия дар замони Истиқлолият қадами аввалин ва муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мустаҳкам кардани Истиқлолияти давлатӣ буд.

Гуфта шуд, ки ҳуҷҷати мазкур ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ тамоми сохтори давлат, мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату ҷомеа ва фардро муайян ва танзим намуд. Конститутсия бори аввал ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро муқаддас ва дахлнопазир эълон карда, барои онҳо кафолати давлатӣ дод. Ҷомеа тавассути Конститутсия дарк намуд, ки давлат бояд ба манфиати шаҳрвандон хизмат кунад ва мардум манбаи ҳокимияти давлатӣ мебошанд.

Қайд гардид, ки таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳо аз омилҳои муҳим барои пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пешрафти давлат ба ҳисоб рафта, риояи ҳатмии талаботи Конститутсия гувоҳи маърифати баланди шаҳрвандист.

Баъд аз ироаи табрикоти расмӣ ва супоридани туҳфаҳои хотиравӣ қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид. Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи санъаткорони шинохта, ки аз сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои зебо иборат буданд, хотири ҳозиринро болида гардонид.

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top