ТАМАННИЁТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 28 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

ОМӮЗГОРОН, ДОНИШҶӮЁН ВА КОРМАНДОНИ ГИРОМӢ!

Ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.

Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки ҳамасола 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки имсол аз қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 31 сол сипарӣ мегардад.

Конститутсияи нахустини даврони соҳибистиқлолии кишвар (1994) аз конститутсияҳои замони шуравии мамлакат, ки солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 қабул гардида буданд, бо дарназардошти эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оин, ҳуқуқу озодиҳои бештари инсон ва шаҳрванд ва меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ куллан фарқ мекунад.

Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Дар ҳақиқат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат тавонистааст дар худ тамоми назарияву таълимотҳои умумиэътирофгаштаро вобаста ба ҳуқуқи инсон ҷой диҳад. Дар баробари он ки дар Конститутсия масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ танзим гаштаанд, диққати асоси ба инсон, ҳуқуқ ва озодии он дода шудааст.

Далели дигари гуфтаҳои боло ин аст, ки 34 моддаи Конститутсия ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ин аз инсонмеҳварии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад.

Тавре маълум аст, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 - уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва баъдан се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба он тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ва ин тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат намуд.

Конститутсияи мо, ки дар давраи бениҳоят душвору мураккаб қабул гардид, дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби тамоми мардуми кишвар ва ҷаҳониён пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ дониста, иброз доштанд ки: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли 31 сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараи ин ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон маҳз пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии давлату ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

Бори дигар ҷашни солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо ҳозирини гиромӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва

дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдадоштаатон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.

31 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони азиз!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top