СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ФАРМОИШИИ ИЛМИВУ ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

Санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳияи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мақсади баргузории ин семинар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ тибқи Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №684) мебошад.

Ҳамзамон, семинар ба шинос намудани кормандон бо талабот, раванд ва имкониятҳои амалии маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо ва барномаҳои мақсаднок, инчунин таъмини дониши амалӣ дар бораи тартиби омодасозӣ ва пешниҳоди дархостҳо барои иштирок дар озмунҳои миллӣ равона гардид.

Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров, Сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр Абдуллоев, инчунин мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти иштирокчиён дар самти омодасозӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ буда, ин иқдом ба таҳкими иқтидори илмӣ ва инноватсионии донишгоҳ ва гусастани ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни семинар мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

  • қоидаҳои умумии маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • асосҳо ва марҳилаҳои таҳияи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ;
  • роҳҳои ҷалби маблағгузорӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
  • истифодаи самараноки натиҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва соҳибкорӣ;
  • таҳкими иқтидори кадрӣ дар самти идоракунии лоиҳаҳои илмӣ;
  • тарзи таҳияи қисмҳои асосии лоиҳа (мақсад, вазифаҳо, натиҷаҳо, сметаи хароҷот ва ғайра).

Дар сухани ифтитоҳии худ дотсент Ҷамшед Машокиров аҳаммияти рушди фаъолияти илмӣ ва истифодаи таҷрибаи ҷаҳониро дар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид намуда, зикр кард, ки омодасозии мутахассисони соҳибмаълумот дар соҳаи идоракунии лоиҳаҳои илмӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.

Сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ Бахтиёр Абдуллоев бо пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба механизмҳои амалии таҳияи лоиҳаҳо, тартиби пешниҳод ва сабти дархостҳои грантӣ, инчунин шартҳои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки барои муваффақият дар ҷалби маблағгузорӣ аз донорҳои хориҷӣ муҳим аст, ки муҳаққиқон бо меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи ташкилотҳои маблағгузор хуб ошно бошанд.

Дар рафти семинар иштирокчиён фикру андешаҳои худро оид ба мушкилоти мавҷуда дар таҳияи лоиҳаҳо, роҳҳои ҳалли онҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ иброз намуданд.

Дар анҷом, иштирокчиён баргузории чунин чорабиниро барои тақвияти иқтидори илмӣ, таҷрибаомӯзии амалии муҳаққиқон, таъмини рушди фаъолияти инноватсионӣ ва боло бурдани сатҳи донишу малакаи кормандони соҳа муҳим арзёбӣ карданд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top