30-юми октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ вохӯрӣ бо донишҷӯён – ҷавонон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Каримзода Рухшона –мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Юнусова Рухшона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Азимзода Дилноза - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҳисориева Гулнора – муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ суҳбати судманд оид ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ гузаронида шуд.
Сипас, дар идомаи вохӯрӣ дигар иштирокдорон низ суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шароити кунунии вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки баҳри мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар, дар муттаҳидӣ кӯшиш намоем.





 
 
 Тоҷикӣ
						Тоҷикӣ																													
		 Русский
							Русский											 English (UK)
							English (UK)											
