Рӯзи 29.10.2025 бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи пленарии Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди низоми пулии кишвар дар шароити иқтисодиёти рақамӣ” бо иштироки олимони варзида, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.
Ҷаласаи пленарии конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза дар доираи татбиқи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030), ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ эълон гардидааст, баргузор мегардад.
Дар давраи таҳаввулоти босуръати рақамикунонӣ, низоми пулӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии иқтисоди миллӣ ниёз ба мутобиқшавӣ бо технологияи муосир дорад. Рақамикунонии иқтисодиёт на танҳо самаранокии идоракунии молиявиро меафзояд, балки шаффофият, назорати гардиши маблағҳо ва дастрасии баробар ба хизматрасониҳои молиявиро таъмин менамояд.
Баррасии масоили марбут ба рушди низоми пулӣ дар замони иқтисоди рақамӣ имконият медиҳад, ки роҳҳои такмил додани механизмҳои пулию қарзӣ, боло бурдани устувории низоми бонкӣ ва густариши хизматрасониҳои инноватсионӣ муайян карда шаванд.
Дар маҷмӯъ, ин мавзӯъ барои таҳкими амнияти молиявӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.
Мавсуф иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад, ки факултети молия ва қарз, инчунин ихтисоси «Фаъолияти бонкӣ» ва кафедраи дахлдорро дар қаламрави Тоҷикистон таъсис додааст. Ин иқдом заминаи муҳимми рушди таҳсилоти касбӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва молия гардид ва дар тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми калон гузошт гуфта, ба кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим дотсент Абдукарим Қурбонов сухани шодбошӣ гуфта, қайд намуд, ки дар шароити рақамикунонӣ ва фановариҳои рақамӣ нақшу касбияти мутахассисон дучанд хоҳад гардид.
Абдукарим Қурбонов бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омодакунии мутахассисони баландихтисоси самти бонкдорӣ ва рақамикунонӣ саҳми назаррас дорад. Дар кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ омода карда мешаванд, ки имрӯз онҳо дар вазифаҳои пурмасъулияти зинаҳои гуногуни низоми бонкии кишвар бомуваффақият кору фаъолият карда истодаанд.
Баъдан, дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимони варзидаи зерин шунида, муҳокима карда шуданд:
- Муртазозода Ораз, н.и.и., дотсент, муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши бонкҳои инноватсионӣ дар шароити рақамисозии иқтисоди миллӣ”;
- Махшулов Саидхуҷа Ҷумъаевич, н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Зарурият ва аҳамияти рақамикунонӣ дар низоми бонкдории муосир”;
- Сафарова Гулбаҳор Хуршедовна, сардори шуъбаи пешбурди тиҷорати кортҳои бонкии ҶСП “Спитамен Бонк” дар мавзӯи “Рақамикунонии хизматрасониҳои молиявию бонкӣ”;
- Сафарова Муборак Бобохоновна, н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ дар мавзӯи “Таъсири низоми бонкӣ ба сатҳи интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ“.
Дар идомаи чорабинӣ дотсентон Абдукарим Қурбонов, Лоиқ Ҳалимов, Зуҳалҷон Тӯйчиқулов ва Баҳодур Дустматов дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуда, ба кори бахшҳои конференсия муваффақият таманно намуд.












Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 