Санаи 27-уми октябри соли 2025 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисодиёт ва тиҷорат маҳфили илмии донишҷӯён «Барномасози ҷавон» баргузор гардид.
Мақсади маҳфил – ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими донишу маҳорат ва рушди қобилияти эҷодию амалии онҳо дар соҳаи барномасозӣ мебошад.
Дар маҳфил мудири кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт Шамсов Ф.Т., муовини декан оид ба таълим Қурбонов А.А., муовини декан оид ба илм Одинабеков Х.В., омӯзгорон Салимов Н.С., Азимбоев А., Гулов Н. ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт дотсент Фатҳиддин Шамсов оғоз гардид.
Сипас, донишҷӯён Яҳё Ҳасанов ва Исмоил Раҷабов бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво оид ба барномасозӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва музокираи судманд сурат гирифта, тавсияҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои амалӣ ироа гардиданд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 