СИЁСИШАВИИ ДИН - ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Бинанда: 60 | Санаи нашр: 24 Октябр 2025

Рӯзи 24.10.2025 бо ибтикори бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсишавии дин – хатар ба фарҳанги миллӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳисориева Гулнора Тоировна, фаъолзанон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Мизи мудавварро роҳбари бахши кор бо занону донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд.

Нахуст, роҳбари бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз Дилафрӯз Атақулова дар мавзӯи “Нақши дин дар тамаддун ва фарҳанги инсонӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки дин ва фарҳанг ҳамвора бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва ҳамонгуна, ки дин дар тамаддун ва фарҳанги инсонҳо нақши муассиреро ифода мекунад, фарҳанг ҳам, аз фаъолиятҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонҳо боиси такомули онҳо мегардад.

 Сипас, муаллимони калони кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Раҷабгул Зарипова дар мавзӯи “Робитаи дин бо фарҳанг” ва Зарафшон Каримова дар мавзӯи “Зан аз нигоҳи ислом” маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун намуданд.

 Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯдухтарон фикру андешаҳояшонро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари бахши кор бо занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова аз номи раёсати донишгоҳ ва кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории мизи мудаввар изҳори сипос намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top