СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ - НАЗАРИЯӢ

Бинанда: 27 | Санаи нашр: 24 Октябр 2025

Тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи фаъолияти гумрукӣ санаи 23.10.2025 семинари таълимӣ - назариявӣ дар мавзуи “Рақамикунонӣ – омили рушди гардиши тиҷорати хориҷӣ” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ, н.и.и. Муҳамадҷон Алиев, муаллими калон Нурия Назарбеков, муовини декан оид ба тарбия Фарҳод Шаропов ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ иштирок намуданд.

Семинарро мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ оғоз намуда, қайд кард, ки воқеан ҳам эълон намудани солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ мебошад ва он барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат нақши калидӣ хоҳад гузошт.

Рақамикунонӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Сипас, омӯзгор Муҳаммадҷон Алиев суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рақамикунонӣ ва истифодаи платформаҳои электронӣ (мошинҳои ҷустуҷӯӣ, бозорҳои онлайн ва сомонаҳои савдо) имконият медиҳанд, ки молу маҳсулот ба зудӣ ва бидуни дарки ҷуғрофӣ ба кишварҳои гуногун ворид ё содир карда шаванд.

Мудири кафедра Раъно Ғаюрӣ семинарро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки рақамикунонӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолият таъсир мерасонад. Ба шарофати эҷод ва татбиқи маҳсулоти рақамии илмию техникӣ дар соҳаи гумрук ҳам, ки дар танзими гардиши савдои беруна ва ғанигардонии буҷети давлатии кишвар нақши муассир дорад, дигаргунсозиҳои рақамӣ босуръат амалӣ шуда истодаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top