Рӯзи 20.10 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои корҳои тарбиявии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои волидайни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов, декани факултет Ҷовидон Сафаров ва зиёда аз 200 нафар волидайни донишҷӯён иштирок намуданд.
Волидайни донишҷӯён то оғози ҷаласа бо раванди таълим, шароит ва муҳити таълиму тарбия, заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона, толори варзиш ва ошхона аз наздик шинос шуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук Ҷовидон Сафаров оғоз намуда, меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи фарзанд вобаста аст. Аз ин хотир, волидайнро зарур аст, ки барои дар насли наврас ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносию ҳувияти миллӣ ва масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.
Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов дар суханрониаш иброз намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак” ба хотири назорати ҳуқуқии раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидон қабул шуда, иҷрои он барои ҳар як падару модар, қабл аз ҳама муносибати некбинонаи онҳо ба ояндаи фарзандонашон ва ҳамзамон адои амонати виҷдонию инсонии онҳо дар назди ҷомеа аст. Ҳадафи асосӣ дар тафаккури насли наврас ҷойгузин кардани эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, мероси ниёгон, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, парчам, истиқлолият, забон ва дигар арзишҳои миллӣ мебошад.
Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров дар суханрониаш зикр намуд, ки дар замони истиқлолият сиёсати давлатии ҷавонон ва илмомӯзиву бомаърифат шудани онҳо, яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Имрӯз 70%-и аҳолии мамлакат, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург, аз ҷумла олимон ва муҳаққиқони ҷавон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов дар суханрониаш қайд намуд, ки зуҳури косташавии ахлоқи насли наврас падидаи номатлубест, ки рушди ҷомеаро халалдор менамояд. Мутаассифона, то ҳол ҳастанд ашхосе, ки масъулият ва уҳдадориҳои худро дар тарбияи фарзанд ба таври бояду шояд эҳсос накардаанд. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои нек, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят кунанд.
Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз донишҷӯёне, ки тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ дохил шуданд ва дар чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд, бо сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.