СЕМИНАРИ ИЛМӢ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 21 Октябр 2025

         Санаи 20.10.2025 бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети молия ва қарзи ДДТТ семинари илмӣ дар мавзӯи “Рушди низоми омори миллӣ дар шароити муосир” бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси 25010403 - андоз ва андозбандӣ баргузор гардид.

         Дар семинари мазкур профессори кафедра Саидаҳмад Зубайдов, мудири кафедра Иззатулло Субҳонқулов ва и.в. дотсенти кафедра Муқаддам Тураева оид ба таърихи ташаккули низоми омори миллӣ, мушкилот ва дурнамои рушди он бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

         Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, доир ба мавзӯи матраҳшуда тавсияҳои ҷолиб пешниҳод карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top