Бо камоли хушнудӣ иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, варзиш ва ҷалби омӯзгорон, донишҷуён ва кормандон ба варзиш дар донишгоҳ аз 20.10.2025 то 20.11.2025 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо оид ба волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз байни омӯзгорон, донишҷуён ва кормандон баргузор мегардад.
Дастаҳо метавонанд дархостҳои худро то 21.10.2025 барои бақайдгирӣ ба кафедраи тарбияи ҷисмонӣ пешниҳод намоянд.
Дастаҳои ғолиб аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои
хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Мо ҳамаро даъват менамоем, ки дар мусобиқаҳо фаъолона иштирок карда, мусобиқаро ба як воқеаи фаромӯшнашаванда табдил диҳем!
Барои иттилооти муфассал ба кафедраи тарбияи ҷисмонӣ бо телефони 501269166 (мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Қурбонмамадов Н.Ҷ) муроҷиат намоед.