МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “КАДБОНУ” ДАР ХОБГОҲ

Бинанда: 518 | Санаи нашр: 11 Октябр 2025

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 11.10.2025 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили доимамалкунандаи “Кадбону” бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Дар маҳфил Ҷамила Ғафурова – роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон ва муаллимони факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Фозилова Зебо ва Шарипова Рухшона ба донишҷӯдухтарон тарзи омода намудани хӯроки миллӣ - мантуро омӯзониданд.

Сипас, масъулин ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ сари дастархони густурдашуда, перомуни маъно ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top