МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Бинанда: 139 | Санаи нашр: 04 Октябр 2025

Субҳи 4-уми октябри соли 2025 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдасӣ бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст”, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.

Иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ба тақвияти саломатӣ, баланд бардоштани руҳияи дастҷамъӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top