ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Бинанда: 181 | Санаи нашр: 03 Октябр 2025

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор, ки имсол ҳарду ҷашн ба 5-уми октябр рост меоянд, самимона шодбош мегӯям.

Забони давлатӣ, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, барои худшиносию худогоҳии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Тавре Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, "Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст".

Дар воқеъ, забони тоҷикӣ дар тули таърихи худ, бо вуҷуди монеаю мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда, ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмию амалӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии тоҷикон будааст.

Боиси ифтихор ва шодию фараҳмандист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, бахусус, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони модарӣ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, тадбирҳои судманд меандешанд.

Воқеан ҳам, имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозию фарҳангсолории халқамон мебошад.

                               Ҳамкасбони азиз,

боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мову шумо касби бисёр ҳам пуршараф ва заҳматталаб, яъне омӯзгориро пеша кардаем.

Омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Таърихи мактабу маориф, мактабшиносӣ дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун ёд дорад. Марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Сарвари давлат ҷиддан вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро соҳаи афзалиятнок дониста, нисбати омӯзгорон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд, дар яке аз суханрониашон чунин иброз доштанд: "Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад".

                             Ҳамкорони гиромӣ,

бо ифтихор бояд бигӯям, ки саҳми ҳар яки шумо дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ, рушди соҳаи маориф ва комёбиву дастовардҳои донишгоҳ назаррас аст ва боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо минбаъд низ дар пешрафти таълиму тарбия, рушди илми ватанӣ ва мавқеи намоёнтарро ишғол намудани донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар, кӯшишу ғайрат намуда, донишу маҳорати касбиатонро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозед.

Бовар дорам, ки шумо устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз дар ҳифз, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тарғибу ташвиқи забони шевою шоиронаи тоҷикӣ саҳми арзишманд мегузоред.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек бори дигар Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорро бароятон муборакбод мегӯям ва ба ҳар кадоми Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дарози бобаракат ва дар корҳоятон барору комёбиҳо хоҳонам.

Саодату сарбаланд бошед!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top