БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН”

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 03 Октябр 2025

Рӯзи 02-юми октябри соли 2025 дар кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисодиёт ва тиҷорат маҳфили илмии донишҷӯён “Барномасози ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини декан оид ба илми факултет муаллими калон Одинабеков Х.В., мудири кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шамсов Ф.Т., омӯзгорон Шарифова Ҷ., Қурбонова С., Давлатова З., Одинаев С. ва донишҷӯён иштирок намуданд

Ҳадафи асосии маҳфили фаннӣ мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон доир ба технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Маҳфилро мудири кафедраи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дотсент Фатҳиддин Шамсов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба аҳамияти омӯзиши технологияҳои рақамӣ дар замони муосир таъкид намуд.

Дар қисмати музокирот омӯзгорон Шарифова Ҷ., Қурбонова С., Давлатова З. ва Одинаев С. баромад намуда, андешаҳои ҷолибро оид ба омӯзиши технологияҳои рақамӣ баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top