1-уми октябри соли 2025 Конфронси VIII байналмилалии илмӣ-амалӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Байкал ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди соҳибкории хурд дар минтақаи Байкал» баргузор гардид.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тичорати Точикистон номзади илмхои иктисодӣ, дотсент Султонов З.С. дар кушодашавии конференсия сухани ифтитоҳӣ намуда, аҳамияти соҳибкории хурдро барои иктисодиёти ҳам минтакаи Байкал ва ҳам Ҷумҳурии Точикистон кайд намуд. Дар суханронии худ Султонов З.С. қайд кард, ки соҳибкории хурд як унсури муҳими рушди инноватсионӣ ва устувори иқтисодӣ, бахусус дар шароити имрӯзаи мушкилоти иқтисодии ҷаҳон мебошад. Вай инчунин ба имкониятҳои соҳибкории хурд дар заминаи рақамисозӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таъкид кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои лоиҳаҳои муштараки илмию таълимӣ байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин татбиқи стартапҳои муштарак ва ташаббусҳои соҳибкорӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаи Байкал нигаронида шудаанд, зоҳир гардид.
Дар миёни иштирокчиёни конфронс ҳайати омӯзгорон ва муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) буданд, ки натиҷаҳои тадқиқоти худро дар соҳаи иқтисод, соҳибкорӣ ва менеҷмент муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар шароити таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ ва беҳсозии барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурд дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Конфронс дар таҳкими робитаҳои илмию таълимии байни Донишгоҳи давлатии Байкал ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон як қадами муҳим буда, барои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва соҳибкорӣ уфуқҳои нав кушод.