Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати донишгоҳ 30 – юми сентябри соли 2025 мизи мудаввар дар мавзуи “Таҳлили муҳити рақобатпазирии ширкат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ Тураева М., мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳамитов М.С., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Рустамзода Ф., омӯзгорони кафедра Урунова С.А., Саломова У.Т., Абдуллоев З.А., Ҳикматова М.С., Асоева М.С., Ҷаъфархони Ш., Файзалии Ш. ва донишҷӯёни ихтисосҳои 260202-менеҷмент ва 260203-маркетинг иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии мизи мудаввар мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон доир ба таҳлили муҳити рақобатпазирии ширкат ба ҳисоб меравад.
Мизи мудавварро мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳакимзода А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзоалиев А.А. дар мавзуи “Таҳлили муҳити рақобатпазирии ширкат” маърӯза намуда, доир ба муҳиммият ва аҳамияти мавзуи матраҳшуда дар ташаккули дониш, малака ва салоҳиятнокии мутахассисони оянда таъкид намуд.
Дар қисмати музокирот мудири кафедра Ҳакимзода А., омӯзгорон Ҳамитов М.С., Урунова С.А. ва Абдуллоев З.А. баромад намуда, андешаҳои ҷолибро оид ба омӯзиш ва таҳлили муҳити рақобатпазирии ширкат баён намуданд.