Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Озорбойҷон сеюмин Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) - 2025 баргузор шуда истодааст. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки паҳлавони умедбахши тоҷик, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250103 - иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ёсин Ҳукуматов дар вазни 71кг аз намуди гӯштини самбо сазовори ҷои сеюм шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Ёсин Ҳукуматовро бо ин муваффақияти варзишӣ табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи донишҷӯӣ ва варзишиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.