Мизи мудаввар дар мавзуи «Самтҳои афзалиятпазири татбиқи консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”

Бинанда: 170 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2025

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова ва фаъолзанону донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Самтҳои афзалиятпазири татбиқи консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” мизи мудаввар доир гардид.

Нахуст, Ҷамила Ғафурова суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1042 аз 4 апрели соли 2018 қабул гардидааст. Мутобиқи он, вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд, ки ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, ба хусус, бонувон ба роҳ монанд. Ҷамъомади имрӯза низ бо мақсади иҷрои талаботи ин санад доир гардида истодааст.

Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова дар мавзӯи матраҳгардида маърӯза намуда, зикр кард, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ, инчунин, моҳияту ҳадафи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷониби иштирокчиён шарҳ дода шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top