ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ

Бинанда: 66 | Санаи нашр: 26 Сентябр 2025

Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар факултети муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Нурмаҳмадов Замир Мирмаҳмадович аз фанни “Ташкилотҳои иқтисодии байналмилалӣ” дар мавзӯи “Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ” бо донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон дарси кушоди намунавӣ баргузор намуд.

Дарси кушоди омӯзгор, ки бо рӯнамоӣ ва маълумотҳои оморӣ дар сатҳи баланд доир гардид, барои ташаккули малака ва салоҳиятнокии донишҷӯён мусоидат намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top