ҶАЛАСАИ XXI ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИДАВЛАТИИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ СУҒУРТАИ ИДМ

Бинанда: 75 | Санаи нашр: 26 Сентябр 2025

25 сентябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи XXI Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Дар доираи ин ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти базавии ИДМ оид ба тайёр кардан, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои суғурта пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оид ба фаъолияти Ташкилоти базавӣ дар давраи солҳои 2021-2025 шунида шуд. Хайрулло Холназар дар суханрониаш аҳаммияти ташаббусҳои таълимии донишгоҳро, ки ба рушди салоҳиятҳои касбӣ дар соҳаи суғурта ва таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи назорати суғурта мусоидат мекунанд, таъкид намуд.

Дар тӯли ин солҳо дар донишгоҳ барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони суғуртавӣ бомуваффақият амалӣ гардида, барои намояндагони ширкатҳои суғуртаи давлатӣ ва хусусӣ тренингҳо ва курсҳо гузаронида шуда, дар таҳияи стандартҳои нави таълимӣ барои соҳа иштирок намуданд.

Вохӯрӣ инчунин марҳалаи муҳим дар таҳкими шарикии кишварҳои ИДМ дар соҳаи суғурта ва назорати суғурта гардид. Нақши Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун маркази таълимӣ дар ин раванд беназир буда, донишгоҳ минбаъд низ фаъолияти худро барои такмили захираҳои инсонӣ дар бахши суғурта дар доираи давлатҳои ИДМ фаъолона инкишоф хоҳад дод.

Аҳаммият ва миқёси гузаронидани ин чорабинӣ дар Тоҷикистон аз мавқеи байналмилалии ин кишвар дар соҳаи маориф ва касбомӯзӣ шаҳодат медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top