Санаи 24-уми сентябри соли 2025 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, дотсент Алимов Комилҷон Касирович аз фанни “Асосҳои соҳибкорӣ” дар мавзӯи “Намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ” бо донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 250108-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дарси кушод баргузор гардид.
Дарси кушод, ки бо рӯнамоӣ ва таҳлили маълумотҳои оморӣ дар сатҳи баланд доир гардид, дар доираи лоиҳаи “Circulec - таҳияи барномаҳо ва модулҳои инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор” ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тақвияти иқтидори таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор мебошад.