Санаи 22.09.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо мизи мудаввар дар мавзӯи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” баргузор гардид, ки дар кори он мудири кафераи забонҳо Масъуд Қаҳҳоров, дотсентон Файз Акрамов, Насриддиниён Бобишоҳ, донишҷӯён ва муҳассилини литсейи назди донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, мудири кафедраи забонҳо дотсент Масъуд Қаҳҳоров дар мавзӯи “Таърихи таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён - устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Қайд гардид, ки имсол бори ҳабдаҳум аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар муассисаҳои таҳсилотӣ, адабиву фарҳангии мамлакат нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва ҷаласаҳо доир мегарданд. Мо тоҷикон бо ин абармарди олами илму адаб, яъне маликушшуаро устод Рӯдакӣ, ки бо ашъори пурғановаташ маҳбуби оламиён гардидааст, ифтихор мекунем.
Сипас, Насриддиниён Бобишоҳ дар мавзӯи «Рӯдакивор сухан бояд гуфт» ва Файз Акрамов дар мавзӯи «Панду ахлоқ дар эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ чанде аз донишҷӯён ва муҳассилини литсейи назди донишгоҳ аз ашъори устод Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.