ХУШХАБАР! ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!

Бинанда: 392 | Санаи нашр: 23 Сентябр 2025

Имрӯз санаи 23.09.2025 муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Алимардонзода Бобохон Маҳмадӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи "Таърихи электрикунонии ноҳияҳои ҷанубу шарқии Тоҷикистон (солҳои 20-уми асри XX – ибтидои асри XXI)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон ва кормандони донишгоҳ Алимардонзода Бобохон Маҳмадиро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

                                                                            Раёсати илм ва инноватсия!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top