Санаи 23-юми сентябри соли 2025 дар факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Ҳисориева Гулнора Тоировна аз фанни “Асосҳои менеҷмент” дар мавзӯи “Идоракунии муҳити зист” бо донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 260202-менеҷмент дарси кушод баргузор намуд.
Дарси кушод, ки бо рӯнамоӣ дар сатҳи баланд доир гардид, дар доираи лоиҳаи “Circulec - таҳияи барномаҳо ва модулҳои инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор” ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тақвияти иқтидори таълимии донишгоҳҳо ва ташаккули фаҳмиши донишҷӯён дар барои сохтани ояндаи устувор буда, аҳамияти ҳалкунанда дорад.