ФЕСТИВАЛ - НАМОИШИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ГАНҶИНАИ МЕРОС”

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 17 Сентябр 2025

Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки таҷассумгари фарҳангу оини миллати тоҷик мебошад, Фестивал - намоиши либосҳои миллӣ зери унвони “Ганҷинаи мерос” баргузор гардид.

Дар Фестивали болозикр омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо аз бар кардани либоси миллии атласу адрас ва чакан фаъолона иштирок намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top