ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 17 Сентябр 2025

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузориҳои стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардид. Форум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гардид.

 Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон, роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзиданд.

 Дар ҷараёни форум масъалаҳои ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат, ҳамкории мутақобил миёни давлатҳо ва табодули таҷрибаи пешрафта баррасӣ шуданд.

 Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Баргузории чунин форуми бонуфуз ба татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат намуда, ба таҳкими имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 Дар Форуми мазкур омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳузури онҳо дар чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ барои густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ва касбии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top