Дар асоси Нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои варзишии шаҳри Душанбе барои соли 2025 бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозони Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи 1-якум гардид. Ҷойҳои 2-дуюм ва 3-сеюмро бошад, дастаи волейболбозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ишғол намуданд.
Санаи 13 сентябри соли 2025 маросими қадршиносии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи зикргардида бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло баргузор шуд ва ғолибону ҷоизадорон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.