ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ МАЪРИФАТӢ

Бинанда: 31 | Санаи нашр: 13 Сентябр 2025

Рӯзи 12.09.2025 бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ омили пешрафти босуботи кишвар” чорабинии тарбиявию маърифатӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ н.и.и. Алиев М.Б., ассистенти кафедра Ширинбекова Н.Ё. ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ иштирок намуданд.

Нурия Назарбекова, муаллими калони кафедраи зикргардида дар суханрониаш иброз дошт, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омадааст. Истиқлолият нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ буда, барои мардуми шарифи тоҷик неъмати бебаҳо ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинии тарбиявию маърифатӣ донишҷӯён Қарахонзода Д., Исмоилзода Ш., Ҳошимов З., Саидзода А. ва чанде дигарон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки кишвари азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва инак, 34 мешавад, ки мардуми шарифи он таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, баҳри ободию шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мо ҷавонон низ саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки бо рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, баҳри ватани азизи хеш софдилона хизмат намоем.

Дар хотимаи чорабинӣ Нурия Назарбекова таъкид намуд, ки мо ҳамагонро месазад, ки ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлоли кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар ободонию пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top