Рӯзи 11-уми сентябри соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №314 тасдиқ шудааст, аз ҷониби мутахассисони ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷуёни ихтисоси фаъолияти бонкӣ доир карда шуд.
Тренингро мутахассисони ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” Маҳина Ҷонмаҳмадова ва Райҳона Исмоилова бо истифода аз рӯнамо дар сатҳи баланд гузарониданд.
Дар рафти тренинг ба донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами низоми бонкии ҷумҳурӣ, инчунин дастурҳои методӣ оид ба нақшагирии даромаду хароҷоти оила, гурӯҳбандии даромадҳои оила аз рӯи манбаъҳои ташаккул, тақсимоти оқилонаи дороиҳои оилавӣ аз рӯи муҳиммият ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо — ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи инфрасохтори хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷалби донишҷӯёну мутахассисони соҳа ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами молиявӣ мебошад.