Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!
Нахуст, ҳамаи шуморо аз номи раёсати донишгоҳ бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили бошукӯҳи он қарор дорем, самимона шодбош гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва дар касбу кор ва вазифаҳои ба уҳдадоштаатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Истиқлолият, ки ба шарофати он Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро пайдо намудааст, тантанаи хираду андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, “Истиқлолият калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллии мост.”
Воқеан ҳам, Истиқлолият натанҳо имкон фароҳам овард, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистонро қариб ҳамаи кишварҳои олам ба расмият шиносанд ва ба он робитаҳои зичи ҳамкорӣ дошта бошанд, балки шароит фароҳам овард, ки иншоотҳои бузурги замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, тамоми соҳаҳои њаёти љомеа, аз ҷумла соҳаи илму маориф пеш раванд ва рушд намоянд. Барои мисол, агар то даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, имрӯз бошад, дар кишвар 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 213 ҳазор нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омаданашон илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карданд. Маҳз таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориву эҳтироми Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгор буд, ки илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле рушд карда, муваффақиятҳои беназир ба даст омаданд.
Суханони зерини Президенти мамлакат далели равшани таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбат ба соҳаи маориф ва мактабу омӯзгор мебошад: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифати ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад”.
Далели дигари хурсандибахш ин аст, ки маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст. Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузори гардидааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.
Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориву эҳтироми Сарвари давлат, дар навбати худ мову Шумо устодону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёнро муваззаф месозад, ки баҳри тайёр намудани мутахассисони воқеан ҳам рақобатпазир, баланд бардоштани обрӯю нуфузи донишгоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, рушди илми ватанӣ, ободу пешрафта ва шукуфо гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо кӯшишу ғайрат ва донишу маҳорати касбиамонро сафарбар намоем.
Итминони комил дорам, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қудрати амалӣ намудани чунин нақшаҳоро доранд ва дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, суханронияшон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маориф (30.08.2025) саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳо бори дигар 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бароятон муборакбод мегӯям.
Саломату сарбаланд бошед!