МАҲФИЛИ АДАБИИ “ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАНОН”

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2025

Санаи 5-уми сентябри соли 2025 бо ибтикори бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили адабӣ таҳти унвони  «Истиқлол ва занон» ташкилу роҳандозӣ гардид, ки дар он роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова, раиси Шурои духтарон Мафтуна Қурбонова ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Ҷамила Ғафурова зикр намуд, ки бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон тавассути роҳандозии фаъолияти пурсамари худ исбот намуда истодааст, ки он яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва нерӯи пешбари бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ мебошад.

Мафтуна Қурбонова оид ба тарғибу ташвиқи ойини ватандорӣ ҳамчун нишонаи имону виҷдони ҳар як фард баромад намуда, таъкид намуд, ки ҷомеа аз мо донишҷӯдухтарон интизориҳои зиёде дорад. Бинобар ин, мо бояд дар амалӣ намудани мақсад ва ниятҳои неки ватанхоҳонае, ки имрӯз Пешвои муаззами миллат доранд, пайваста талош намоем.

Дар фарҷом донишҷӯдухтарон пораҳои шеъриро дар васфи Тоҷикистон ва сарсабзу хуррамии он қироат намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top