Дар остонаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 5-уми соли 2025 дар саҳни хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барномаи рангини фароғатию фарҳангӣ зери унвони “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.
Дар оғози барномаи фарҳангӣ, муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева баромад намуда, ҷамъомадагонро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд.
Сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Сайфулло Авғонов зимни баромади хеш зикр кард, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳода, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон сол то сол беҳтар мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ дастаи ҳаваскорони “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ дар назди меҳмонон ва доираи васеи донишҷӯёни хобгоҳ бо барномаи дурахшону саршор аз суруду навоҳои дилошуб баромад намуданд.