Санаи 4.09.2025 дар ҳошияи Рӯзи китоб дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии Рӯзи дарҳои боз баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки донишҷӯёни курси якум доир гардид. Донишҷӯён бо шароити китобхона, тарзи аъзо шудан ба китобхонаи донишгоҳ ва истифодаи китобхонаи электронӣ шинос шуданд.
Китобхонаи илмии донишгоҳ ҳамчун зерсохтори муҳимми таълимию илмӣ фаъолияти худро баҳри таъмини иттилоотии омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон мутобиқ ба талаботи стандартҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ мондааст.
Китобхона вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
• Қонеъ намудани талаботи иттилоотии донишҷӯёну омӯзгорон;
• Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир;
• Мусоидат ба рушди илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ;
• Нигоҳдории фонди китоб ва мероси илмии Донишгоҳ;
• Пешбурди мавқеи пешсаф дар байни китобхонаҳои мактабҳои олии кишвар.
Инчунин, китобхонаи илмии донишгоҳ ҷиҳати омода намудани донишҷӯён барои иштирок дар Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шароити мусоид фароҳам сохтааст.
Мусаллам аст, ки китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ ва маводҳои электронӣ дар муҳити таълимии Донишгоҳ нақши калидӣ мебозанд. Онҳо воситаи асосии таълиму тадрис, омӯзиши мустақилона ва таҳқиқоти илмӣ ба шумор мераванд.
Теъдоди хазинаи умумии китобхонаи илмӣ ба ҳолати 1 – уми сентябри соли 2025-ум 86495 нусхаро дар бар мегирад.
Китобхонаи электронӣ навъи низоми дастёбӣ ба захираҳои иттилоотист, ки ба беҳбудии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд.
Дар толори хониши электронӣ мувофиқи системаи автоматикунонии раванди таълим барои устодону донишҷӯён дар барномаи ALFA XPress модули китобхона дохил карда шудааст. Ҷамъи умумии китобҳо дар барнома 3034 ададро ташкил медиҳад.
Китобхонаи электронӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, беш аз 26102 китоби илмӣ-таълимиро дар бар мегирад, аз ҷумла:
• 360 диск аз фанҳои гуногун ба забонҳои русӣ ва англисӣ;
• Маводи электронӣ бо тарзи интерактивӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон.
Имрӯз китобхонаи Донишгоҳ дорои шароит ва имконоти хуби техникию технологӣ мебошад. Он баробари иҷрои рисолати асосии худҳифзу нигаҳдории маводҳои чопӣ, электронӣ ва қонеъ гардондани талаботи хонандагон ба адабиёти зарурӣ чун маркази тавлиду коркард, ҳифозот ва тарғибу ташвиқи манбаи иттилоотӣ ба муштариён хизмат менамояд.