Санаи 05.09.2025 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди қонунгузории миллӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ бахшида ба 34-умин солгарди рӯзи истиқлолият гузаронида шуд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Алиев Ф.Ш. оғоз намуда, иброз дошт, ки истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди давлатдории миллати тоҷик буда, ҳифзи он вазифаи муҳимми шаҳрвандӣ мебошад.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зидддикоррупсионӣ, инчунин донишҷӯён иштирок намуданд.
Мавзуҳои муҳим дар самти рушди қонунгузории миллӣ дар замони истиқлолият, аз ҷумла ташаккули қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузории оилавӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ дар замони давлатдории миллӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом иштирокунандагон бо маърузачиён саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.