КИТОБ – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

Бинанда: 126 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Ҳар сол таҷлили Рӯзи китоб ҳамчун рамзи гиромидошти фарҳанг, маърифат ва илм баргузор мегардад. Китоб барои инсоният сарчашмаи илму ҳикмат, дӯст ва роҳнамои содиқ дар роҳи донишомӯзӣ буда, дар ташаккули тафаккури солим ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад.

Дар ин росто, Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хазинаи бузурги маънавӣ, ҷойгоҳи махсус дорад. Китобхона 31-уми декабри соли 2020 дар заминаи китобхонаи донишгоҳ таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз муҳимтарин марказҳои таълимӣ ва илмии донишгоҳ табдил ёфтааст.

Фаъолияти китобхона дар асоси сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори донишгоҳ ва нақшаи чорабиниҳои солона амалӣ мегардад.

Аз рӯзҳои нахустин нахустин китобҳо ба китобхона аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Новосибирск оварда шуда буданд. Имрӯз бошад, фонди китобхона зиёда аз 85 ҳазор нусха китобро дар бар мегирад, ки аз онҳо:

  • китобҳои илмӣ – 24 700 адад;
  • китобҳои дарсӣ – 65 389 адад;
  • китобҳои бадеӣ – 4 958 адад.

Китобхонаи илмӣ зиёда аз 5 ҳазор хонанда дорад. Барои истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон ду толори хониш, ду толори китобхонаи электронӣ, утоқи абонемент ва махзани китоб фаъолият менамоянд. Дар толори электронии китобхона зиёда аз 25 ҳазор китоби таълимӣ ва илмӣ ба се забон ҷой дода шуда, барои хонандагон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Китобхонаи электронӣ дорои 360 диски таълимӣ аз фанҳои гуногун ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тахассусӣ мебошад. Ҳадафи асосии кормандони китобхона қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии хонандагон, татбиқи технологияи муосир, нигоҳдории мавқеи пешсафӣ миёни китобхонаҳои илмии кишвар ва мусоидат ба рушди фаъолияти таҳқиқотии донишгоҳ мебошад.

Имрӯз фонди китобхона аз китобҳо ба забонҳои гуногун иборат аст:

  • тоҷикӣ – 33 307 адад;
  • русӣ – 32 679 адад;
  • англисӣ – 15 368 адад;
  • арабӣ – 330 адад;
  • ӯзбекӣ ва дигар забонҳо – 54 адад.

Ҳар сол китобхона ба зиёда аз 25 номгӯи рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ обуна мегардад, ки ин имконият медиҳад хонандагон аз навтарин маълумоти илмӣ ва таҳқиқотӣ бархурдор шаванд.

Солиёни зиёд барои рушду густариши китобхона шахсони коршинос заҳмат кашидаанд. Мудирони китобхона дар давраҳои гуногун чунин буданд:

  1. Гавҳар Мадиева (2001–2021),
  2. Парвизи Садриддин (2021–2024),
  3. Зайдуллоева Давлатмо (2024–2025).

Аз 1 сентябри соли 2025 роҳбарии китобхонаро н.и.и., дотсент Ҳомидов Абдуалим ба уҳда дорад.

Дар баробари ин, кормандони фаъоли китобхона – Исҳоқова Мавлонбӣ (китобдори калон), Сафарова Майсара (китобшинос), Мамаднаимова Рухсора (китобдор) ва Мирзохоҷаева Мавзуна (сармутахассиси китобхонаи электронӣ) бо ҳисси масъулият ва садоқат ба хонандагон хидмат мерасонанд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имрӯз ба маркази калони илмомӯзӣ ва маърифат мубаддал гардида, дар рӯҳияи китобдӯстӣ ва донишандӯзӣ тарбия намудани насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад.

Рӯзи китоб баёнгари он аст, ки китоб ҳамчун ганҷи маънавӣ ва чароғи маърифат ҳамеша барои ҷомеа арзиши бебаҳо хоҳад дошт.

 

Сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ 

Султонов Зоиршо Султонович,

номзади илмҳои иқтисоди, дотсент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top