БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДТТ

Бинанда: 361 | Санаи нашр: 24 Июл 2025

24-уми июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро хайрамақдам гуфта, ба таври муфассал доир ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2025 суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: “Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.”.

Хушбахтона, тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд, имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҳайати профессорону омӯзгорон барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд.

Мувофиқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад.

Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар ш. Хуҷанд, литсей, 3 факултет ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад.

Донишгоҳ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар донишгоҳ 154 гурӯҳи академӣ, аз ҷумла 113 гурӯҳи академӣ дар омӯзиши рӯзона ва 41 гурӯҳи академӣ дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи рӯзона 90 гурӯҳи академӣ бо забони тоҷикӣ, 22 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ ва 1 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи фосилавӣ бошад, 37 гурӯҳи академӣ бо забони тоҷикӣ ва 4 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ таҳсил мекунанд.  

Ҷамъи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳолати 01.07.2025-ум 4016 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора дар омӯзиши рӯзона 2345 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1615 нафар ва дар шуъбаи магистратура 56 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Шумораи духтарон дар донишгоҳ 730 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар ҳисоби умумии донишҷӯён 18,1 %-ро ташкил медиҳад.

Соли 2025 донишгоҳро 845 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз онҳо 11 нафар донишгоҳро дар зинаи бакалавриат бо дипломи аъло ҷамъбаст карданд, 3 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳад.

Донишгоҳ дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 адад синфхонаи лингафонӣ, китобхонаи илмӣ, 627 компютер, 145  проектор бо экран, 102 тахтаи электронӣ, 42 ноутбук, 82 принтер, 250  адад камераи назоратӣ ва 8 адад SMART TV мебошад, ки дар раванди таълим ҳамарӯза самаранок истифода бурда мешаванд.

Дар донишгоҳ 3 факултет мавҷуд буда, дар 13 кафедраи он 177 нафар омӯзгори доимӣ, аз ҷумла, 12 нафар доктори илм, 82 нафар номзади илм, 63 нафар муаллими калон ва 20 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор алҳол 53,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ 1 нафар дорандаи медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 1 нафар соҳиби медали ҷашнии 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафар Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Тибқи нақшаи чопи маводҳои таълимию методӣ дар нимсолаи аввали соли 2025-ум 12 воситаи таълимӣ, 8 адад дастури методӣ, 8 адад комплекси таълимӣ-методӣ ва 3 адад китоби дарсӣ, дар маҷмуъ 31 мавод чоп карда шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани раванди таълим ва фаъолгардонии донишҷӯён дар ин нимсола 47 маротиба мизи мудаввару семинари омӯзишӣ ва викторина, инчунин барои баланд бардоштани сифати таҳсилот аз ҷониби омӯзгорон 68 дарси намунавии таълимӣ  гузаронида шуданд.

Ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисон донишгоҳ робитаро бо истеҳсолот қавӣ ба роҳ мондааст. Дар ин самт 5 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо фаъолият карда истодааст.

Нақшаи қабул ба донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 тибқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 96,8 % иҷро гардид.

Барои соли таҳсили 2025-2026-ум 4 ихтисоси нав: 250107-иқтисодиёт ва идора дар корхона, 230101-муносибатҳои байналмилалӣ, 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, 31030408-WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ кушода шуд. Аз ҷумла кафедраи “Технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт” низ таъсис дода шуд, ки ба ин кафедра ихтисосҳои 250112-информатикаи иқтисодӣ, 25011026–иқтисодиёти рақамӣ, 25010731-иқтисодиёти бизнеси электронӣ, 31030408-WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, 40010202-технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт вобаста карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию-тадқиқотӣ барои солҳои 2021–2025 аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқоти илмӣ анҷом доданд. Дар ин давра 1 нафар омӯзгор бомуваффақият рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Омӯзгороне, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд. Дар нимсолаи аввали соли 2025- ум 6 нафар омӯзгори донишгоҳ соҳиби унвонҳои профессор ва дотсент гардиданд.

Инчунин 2 нафар омӯзгори донишгоҳ дар озмуни байналмилалии “Таҳқиқотчии беҳтарин” байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ ғолиб дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва медали махсус қадрдонӣ гардиданд.

Моҳи апрели соли 2025 дар донишгоҳ курси ройгони омӯзишии “Суғурта: андозбандӣ ва баҳисобгирӣ” бо иштироки мутахассисони соҳаи суғурта ва омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ ва омӯзгорони кафедраҳои молия, андоз ва андозбандии донишгоҳ ширкат варзиданд. 1-уми майи 2025 дастаи амалии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози ҶТ”, ки бахшида ба 30-солагии Кумитаи андоз баргузор гардид, ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар докторанти донишгоҳ Ҳакимов Шаҳбоз Шодибоевич сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 дар донишгоҳ 40 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 6 конференсияи байналмилалӣ, 5 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 14 семинар, 10 мизи мудаввар, 2 форуми байналмилалӣ ва 2 курси онлайнии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин нимсола омӯзгорони донишгоҳ 7 монография, 54 мақола дар маҷаллаҳои КОА, 198 фишурдаи мақолаҳо ва 195 мақола дар дигар маҷаллаҳоро ба нашр тавсия карданд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 табодули академиро дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи глобалии Ҳандони Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Орадеаи Руминия, Донишгоҳи Вего, Испания, Донишгоҳи Кастамону Туркия, Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи байнипарлумонии Евразия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия, Донишгоҳи Қарағанда, Донишгоҳи Алама-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Донишгоҳи Аэрокайҳони шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисоди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар донишгоҳҳо идома дода истодааст.

Дар ин давра 12 нафар омӯзгору корманди ДДТТ бо истифода аз лоиҳаву барномаҳои гуногун ба донишгоҳҳои ҳамкори хориҷӣ барои гузаронидани машғулиятҳо сафарбар карда шуданд. 10 нафар дар барномаи табодул ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов, 5 нафар дар барномаи табодул ба Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Беларус ва дар як қатор барномаҳои табодулии дигар ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи “CirculEC” ҳайати профессорону устодони ДДТТ, ки дар донишгоҳҳои Неапол (Итолиё), Билефелд (Олмон) ва Сантяго-де-Компостела (Испания) дар тренингу семинарҳои омузишӣ иштирок карданд, ба таҳияи фанҳои нави таълимӣ шуруъ намуданд. Дониш ва маводҳои бадастомада асоси фанҳои нави иқтисодиёти даврӣ, иқтисодиёти сабз ва  моделҳои тиҷорати давриро устувор гардонид. Инчунин, якчанд фанҳои тадрисшавандаи ДДТТ, аз ҷумла Асосҳои менеҷмент, Иқтисодиёти корхона ва Асосҳои соҳибкорӣ аз нуқтаи назари иқтисодиёти даврӣ аз нав таҳия мегарданд ва дар ояндаи наздик аз ҷониби коршиносони донишгоҳҳои шарики аврупоӣ арзёбӣ шуда, баъдан аз соли таҳсили 2025-2026 дар раванди таълимии ДДТТ ҷорӣ карда мешаванд.

Дар нимсолаи дуюми соли 2025- ум 2 нафар донишҷӯи донишгоҳ ҷиҳати идомаи таҳсил дар доираи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сафарбар карда мешаванд.

Дар баробари табодули ҳузурӣ инчунин табодули донишҷӯён дар шакли фосилавӣ низ бо яке аз донишгоҳҳои ҳамкори Қазоқистон ба роҳ монда шудааст. Дар робита ба ин, дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 2 нафар донишҷӯи ДДТТ дар донишгоҳи ҳамкор ва 2 нафар донишҷӯи ҳамкор дар ДДТТ дар табодули маҷозӣ таҳсил намуданд.  

Сомонаи маъруфи Осиёи Марказӣ - weproject.media, ки беш аз 10 сол таҷрибаи муваффақ дошта ҳамчун калонтарин медиа дар минтақа дар мавзӯи илму маориф ва имкониятҳои нав пазируфта шудааст, рӯйхати 5 донишгоҳи беҳтарини Душанбе барои донишҷӯёни Тоҷикистонро нашр намуд. Дар ин рӯйхат Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҷой дорад. Калонтарин медиа дар минтақа бо доираи фарогири васеъ (Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) мебошад.

Айни ҳол дар донишгоҳ 19 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон дар риштаҳои мухталиф таҳсил карда истодаанд.

Бо мақсади ташаккул ва рушди стратегияи “Иқтисоди сабз” дар донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкардагони донишгоҳ 5 неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 62 кВт сохта ба истифода дода шудааст.

Раёсати корҳои тарбиявӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон моҳият, мақсаду вазифа ва мазмуни тарбияро, ки дар асоси татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, нақш ва мақоми онҳоро дар ташаккулёбии шахсияти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ таъмин менамояд.

Яке аз вазифаҳои муҳимми устодони донишгоҳ тарбияи донишҷӯён аст. Дар соатҳои тарбиявии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ пеш аз ҳама, дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, минбаъд дар дарсҳои тарбиявӣ тамоми  равия ва самтҳои консепсияро ба кор мебаранд.

Корҳои тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва такмилу тавсеаи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриву мулоқотҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну викторинаҳо, шанбегиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ  дар донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар нимсолаи аввали  соли 2025 дар донишгоҳ 84 чорабинӣ дар  самти кор бо ҷавонон, 27 чорабинӣ дар бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон, 9 чорабинии варзишӣ, ва  17 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён,  дар умум 137 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Тибқи нақшаи дарсҳои сарпарастӣ дар ин давра дар донишгоҳ 39 дарси намунавии сарпарастӣ гузаронида шуд. Дар дарсҳои тарбиявӣ омӯзгорон оид  ба масъалаҳои тарбияи ғоявию сиёсӣ, ватандӯстию худогоҳӣ, ахлоқию маънавӣ, меҳнатдӯстию солимгардонӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро бо донишҷӯён суҳбату вохуриҳо баргузор намудаанд.

Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани манзалати либосҳои миллӣ миёни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан”, “Пешхизматҳо” ва “Дӯзандагӣ”-ро  ройгон ташкил намудааст.

Боиси сарфарозист, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ноҳиявии озмун, ки моҳи майи соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, мудири китобхонаи илмии ДДТТ Зайдуллоева Давлатмоҳ дар номинатсияи адабиёти классикӣ донишу маҳорати баланд нишон дода, ҷойи дуюмро ишғол намуда, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.

Умуман, ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ шашмоҳаи якуми соли 2025-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки дар соли таҳсили нав ба комёбиҳои боз ҳам хубтар ноил гарданд.

Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки 33 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top