СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “САҲМИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР”

Бинанда: 21 | Санаи нашр: 03 Июл 2025

Санаи 3-юми июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналхалқии кооператсия Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Саҳми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодиёти кишвар” бо иштироки олимону мутахассисон ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо иди касбии кормандони кооператсияи матлубот табрик гуфта, оид ба нақши кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум суханронӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, аз ҷумла, қайд намуд, ки мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия ҷашн гирифта мешавад. Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба рӯзи 5-уми июл рост меояд.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ буда, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақшу мақоми намоён дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Алянси байналхалқии кооперативӣ ва Лигаи иттифоқҳои кооператсияи матлуботи мамлакатҳои ИДМ мебошад, ки рисолати асосии он инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқхои кооператсияи матлуботи мамлакатхои аъзо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.

Гуфта шуд, ки барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 1998, №186 “Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми сентябри солии 2000, №399 “Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон” қабул гардиданд, ки ин худ як дастгирии давлатии системаи кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикматлубот барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”

Фаъолияти беш аз 100 солаи соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат нишон медиҳад, ки низоми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.

Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Муҳитдин Ҳамитов дар мавзӯи “Кооператсияи матлубот: дирӯз, имрӯз ва фардои рушди он” маърӯза намуда, иброз дошт, ки кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дошта, давраҳои рушд, таназзул, бурду бохтҳоро аз сар гузаронидааст.

Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ҷамъияти матлубот, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ 1916 дар уезди Хуҷанд ба фаъолият оғоз намудааст. Соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад расида, «Иттифоқи матлуботи Хуҷанд» таъсис дода шуд, ки ин такони ҷиддӣ барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар мамлакат гардид.

Моҳи октябри соли 1924 Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлубот таъсис дода шуда, моҳи октябри соли 1929 он ба Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии советии сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки минбаъд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо молҳои истеъмолӣ саҳми беназир гузоштааст.

Дар фарҷоми семинар муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров зимни музокира доир ба мавзуи матраҳшуда фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top