КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАКМИЛ ВА ТАЪЛИМИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ, ТАБИАТШИНОСӢ ВА РИЁЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ”

Бинанда: 162 | Санаи нашр: 10 Июн 2025

10-уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Такмил ва таълими илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” бахшида ба “Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ” бо иштироки коршиносон, олимон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, унвонҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза яке аз иқдомҳои муҳими ҳамгироӣ ва тақвияти сиёсати илмпарваронаи давлат ба шумор меравад, ки самти афзалиятноки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш — таҳкими ҳамкории илмӣ ва тақвияти раванди таълими босифат дар самти фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва риёзист, ки асоси рушди технологии кишвар ба шумор мераванд. Имрӯз, дар марҳалаи ҷаҳонишавии илм ва техника, ки рушди босуръати технологияҳои навин ва рақамикунонии ҳамаи соҳаҳо мушоҳида мешавад, таълиму такмили илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар ташаккули неруи зеҳнии кишвар ва рушди устувори миллӣ нақши калидӣ мебозанд.

Мавсуф қайд намуд, ки қабули қарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ (2020–2040)” иқдоми саривақтӣ ва стратегӣ мебошад, ки ҳадафи он — ҳавасмандсозии насли наврасу ҷавон ба омӯзиш ва таҳқиқи амиқи ин самтҳои афзалиятноки илми муосир аст. Таваҷҷуҳ ба фанҳои мазкур, дар навбати худ, на танҳо барои рушди неруи зеҳнӣ ва касбии донишҷӯён, балки барои рақобатпазир сохтани иқтисоди миллӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор мегузорад.

Сипас, тибқи барномаи конференсия маърӯзаҳои олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:

Қурбонов Маҳмарасул Абдуқодирович, н.и.и., дотсенти Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Илмҳои дақиқ – заминаи таҳкими рақамикунонии иқтисодиёт”;

Зубайдов Сайдахмад, д.и.и., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Камбудиҳои методикаи таълими физика ва роҳҳои бартарафсозии он”;

Шарипов Нусрат Зайдуллоевич, н.и.п., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Коркарди зинаҳои таълими тафриқавии математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”;

Ҳоҷиев Амрохон Мирзоевич, н.и.п., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Фанни геометрия ва зинаҳои рушди он”.

Дар ҷамъбасти конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров, н.и.и., дотсент Маҳмадализода Беҳрӯз ва муаллими калон Ғоибшоҳ Мисоқов дар музокира иштирок намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷолибро оид ба мавзӯи матраҳшуда иброз намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top