МАСТЕР – КЛАСС ДАР МАВЗУИ “БОЗОРИ СУҒУРТАИ ҲАЁТ: ВАЗЪИ МУОСИР, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШД”

Бинанда: 219 | Санаи нашр: 29 Май 2025

29-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мастер - класси д.и.и., профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Шамсуддинов Баҳодир Раҳимович дар мавзуи “Бозори суғуртаи ҳаёт: вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои рушд” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои суғурта ва молия баргузор гардид.

 Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров оғоз ёфт. Мавсуф таъкид намуд, ки дар мастер – класси имрӯза вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои рушди бозори суғуртаи ҳаёт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 Сипас, профессор Шамсуддинов Баҳодир Раҳимович дар мавзуи “Бозори суғуртаи ҳаёт: вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои рушд” мастер – класс гузаронида, оид ба вазъ ва мушкилоти рушди бозори суғуртаи ҳаёт, омилҳои ба он таъсиррасон, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи мазкур, таҷрибаи давлатҳои ИДМ дар ташаккул ва рушди фаъолияти суғуртаи ҳаёт ва дурнамои рушди бозори суғуртаи ҳаёт дар шароити иқтисоди рақамӣ суханронии пурмуҳтаво кард.

 Дар фарҷоми машғулият аз ҷониби иштирокчиён саволҳои зиёд вобаста ба мавзуи матраҳшуда пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top