ҲАМОИШИ ИЛМӢ - АДАБӢ

Бинанда: 210 | Санаи нашр: 28 Май 2025

Санаи 20-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Чароғи базмҳои оташин” ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода бо иштироки доираи васеи омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, дар ифтитоҳи ҳамоиш мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Масъуд Қаҳҳоров бобати ҳабси ҳол ва хусусиятҳои муҳими ашъори Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода, арзиши осори волои шоиронаи ӯ андешаронӣ намуда, зикр кард, ки ашъори шоир дар феҳристи асарҳои баландпояи халқу миллати тоҷик қарор дорад. Он гуна ки шоир дар шеъре “Ба ёдбуди ҳазрати Ҳофиз” суруда:

 То чун шарора шеър дурахшанда шуд ба ишқ,

“Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо”.

Сипас, Бобишоҳ Насриддиниён, и.в. дотсенти кафедраи забонҳо суханронӣ карда, иброз дошт, ки шеърҳои шоир Боқӣ Раҳимзода лабрези муҳаббат ба Ватан, васфи дӯстӣ ва инсондӯстӣ буда, то имрӯз дар қалби мардум ҷой доранд. Дар ҳама давру замон дар радифи номи устод Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон номи устод Боқӣ низ пайваста дар забони гуфтору навиштор зеби маънавӣ мебахшад.

 Баъдан, Ҷамила Ғафурова маърӯза намуда, қайд намуд, ки солҳои донишҷӯйӣ дар курси махсус зери унвони “Сабки суннатӣ дар ашъори Боқӣ Раҳимзода” баромад намудаам. Ҳамзамон, нотиқ қайд кард, ки Боқӣ Раҳимзода дар ҳамон марҳалаи рушди шеъру суруди тоҷикӣ бо сабки хос саҳми боризи худро ниҳодааст.

 Инчунин, и.в. дотсенти кафедраи забонҳо Файзалӣ Акрамов оид ба маҳбубияти Боқӣ Раҳимзода суханронӣ намуда, чунин иброз намуд: - Устод Боқӣ Раҳимзодаро натанҳо адибони ҷавон ва ҳамқаламону аҳли илму фарҳанг, балки тамоми хурду бузурги Тоҷикистон, ҳамчунин соҳибназарони кишварҳои дигар ба ҳайси як шахсияти фозилу равшанзамир, маҳфилорову ботадбир ва хайрхоҳи камназир дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯён аз ашъори шоири ширинсухан Боқӣ Раҳимзода дар васфи Ватан, Модар ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон пораҳои шеърӣ қироат намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top