24-уми майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе бо ҷалби ҳунармандони маъруфи кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» шоу-барномаи консертии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи арҷгузорӣ ба ҷавонони созандаву эҷодкор, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ташкил карда шуда, муҳити тантанавӣ ва рӯҳбаландӣ фароҳам овард.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуда, дастовардҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва варзишии донишҷӯёнро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт муаррифӣ намуд.
Иштироки донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз саҳм ва нақши муассири муассисаи олии таълимӣ дар тарбияи насли нави ҷавон ва донишманд шаҳодат медиҳад.